|
Ҷилди II: КУШТА ШУДАНИ СӮҲРОБ АЗ РУСТАМ
Бигуфт он шигифтӣ, ки худ карда буд,
Гиромӣ писарро, ки озарда буд.
Ҳама баргирифтанд бо ӯ хурӯш,
Намонд он замон бо сипаҳдор ҳуш.
Чунин гуфт бо сарфарозон, ки «Ман
На дил дорам имрӯз гӯӣ, на тан.
Шумо ҷанги Турон маҷӯед кас,
Ки ин бад, ки ман кардам имрӯз, бас!»
Завора биёмад бари пилтан,
Дарида бару ҷомаву хаста тан.
Чу Рустам бародар бар он гуна дид,
Бигуфт, он чи аз пури кушта шунид.
«Пушаймон шудам ман зи кирдори хеш,
Ситонам мукофот з-андоза беш.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 >>> |