Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Рӯдакӣ

Бори аввал дар таърих пайкараи маликушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷойгир шудааст. Ин пайкара он пайкарае нест, ки онро дар майдон ё хиёбон бубинед. Асоси ин пайкараро мутуни абёти устод Рӯдакӣ ташкил медиҳад. Дар ин падидаи фарҳангӣ бо дастовардҳои технологияҳои навтарини иттилоотӣ ва иртиботӣ маҷмӯи луғатҳои басомадии ашъори шоир аз қабили луғатномаи алифбоии вожаҳо, луғатҳои басомадӣ бо афзуншавӣ ва камшавӣ ва ҳамчунин луғати баръкс (зонсӯ) оварда шудааст. Дар пайкара китобшиносии Рӯдакӣ, ки барои баррасӣ ва мулоҳиза пешкаш мешавад, оварда шудааст. Умед аст, то ҷашни 1150 солагии устод ин китобшиносӣ бо мӯҳтаво ва мундариҷаи комил ба китобхонаи азиме табдил мегардад, ки ниёзи ҳар донишомӯз ё пажӯҳандаро тавонад қонеъ гадонад. Ҳоло дастандаркорони ин тарҳ барои дар пайкара ҷой кардани овои тарона ва сурудаҳои бар пояи абёти устод эҷодшуда талош доранд. Барои тавассути пайкара шинохт, омӯзиш ва пажӯҳиши осори Рӯдакӣ тарҳҳои ҷолибе пешниҳод шудаанд. Акнун ба абёти безаволи Рӯдакӣ ҳар фард, ҳар гурӯҳи толибилмон метавонанд на танҳо аз гӯшаҳои кишварамон, балки аз ҳар нуқоти дунё тавассути Интернет дастрасӣ дошта бошанд. Басо рамзист, ки аввалин маротиба пайкарасозии осори ниёгонамон ба забони тоҷикӣ аз асори сардафтари адабиёти форсу тоҷик одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шурӯъ шуд. Боиси ифтихору хурсандист, ки ин поягузорӣ барои фардо бо ҳамкории бевоситаи ҷавонони 12-18 солаи Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ амалӣ гардид. Ин воқеъа дар рӯзи баргузории конфронси бахшида ба Рудакӣ, ки 26 феврали соли 2007 дар толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ шуда буд, амалӣ гардид. Эҳтимол, ин рӯзи нек дар таърихи фарҳангии ватанамон рӯзи фармӯшношуданист.

Аз устодони азизи забону адаби тоҷик ҳоҳиш мешавад бобати ҳамкорӣ кардан ва бархат (on-line) гузоштани дарсҳо, озмунҳои кушод, шинохту омӯзиши осори Рӯдакӣ ба сайти Кумита: termcom.tj муроҷиат намоянд.

Пайкараи Рӯдакӣ
Қасоиду ғазалиёт ва қитъаот
Рубоиёт
Абёти пароканда
Абёти пароканда аз маснавиҳо
Луғатҳои бар пояи матни ин китоб таҳияшуда
Луғатномаи китобшиносӣ



Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj