|
Ҷилди II: АФКАНДАНИ СӮҲРОБ РУСТАМРО
Ҳаме дер шуд боз Ҳумон чу гард
Биёмад, бипурсид аз ӯ аз набард.
Ба Ҳумон бигуфт, он куҷо рафта буд,
Сухан ҳар чи Рустам бад-ӯ гуфта буд.
Бад-ӯ гуфт Ҳумон: «Дареғ, эй ҷавон,
Ба серӣ расидӣ ҳамоно зи ҷон.
Дареғ ин бару бурзу болои ту,
Рикеби дарозу ялӣ пои ту.
Ҳизарбе, ки оварда будӣ ба дом,
Раҳо кардӣ аз дасту шуд кор хом.
Нигаҳ кун, ки з-ин беҳуда коркард
Чӣ орад ба пешат ба рӯзи набард.
Яке достон зад бад-ин шаҳрёр,
Ки душман мадор, арчи хурд аст, хор!»
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |