|
Ҷилди II: ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО
АЗ КӮҲИ АЛБУРЗ
Баромад хурӯш аз дили зеру бам,
Фаровон шуда шодӣ, андӯҳ кам
Шаҳаншаҳ чунин гуфт бо паҳлавон,
Ки «Хобе бидидам ба равшанравон,
Ки аз сӯи Эрон ду бози сапед,
Яке тоҷи рахшон ба кирдори шед
Хиромону нозон расидӣ барам,
Ниҳоданд он тоҷро бар сарам.
Чу бедор гаштам, шудам пурумед
Аз он тоҷи рахшону бози сапед.
Биёростам маҷлиси шоҳвор
Бад-ин сон, ки бинӣ бад-ин ҷӯйбор.
Таҳамтан маро шуд чу бози сапед,
Расидам зи тоҷи далерон навид.»
Таҳамтан чу бишнид аз он хоби шоҳ, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 >>> |