|
Ҷилди II: ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО
АЗ КӮҲИ АЛБУРЗ
Биёроста маҷлиси шоҳвор,
Ба сони биҳиште ба рангу нигор.
Чу диданд мар паҳлавонро ба роҳ,
Пазира шудандаш аз он ҷойгоҳ.
Бигуфтанд, к-«Эй паҳлави номвар,
Нашояд аз он ҷой кардан гузар,
Ки мо мизбону ту меҳмони мо,
Фуруд ой ин ҷо ба фармони мо.
Бад-он то ба май дасти шодӣ барем,
Ба ёди рухи номвар май х(в)арем».
Таҳамтан бад-эшон чунин гуфт боз,
Ки «Эй номдорони гарданфароз,
Маро рафт бояд ба Албурзкӯҳ,
Ба коре, ки бисёр дорад шукӯҳ.
Нашояд бимондан аз ин кор боз, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 >>> |