|
Ҷилди II: ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО
АЗ КӮҲИ АЛБУРЗ
Падар бар падар ном дорам ба ёд.»
Чу бишнид Рустам, фурӯ бурд сар,
Ба хидмат фуруд омад аз тахти зар,
Ки «Эй хусрави хусравони ҷаҳон,
Паноҳи далерону пушти меҳон,
Сари тахти Эрон ба коми ту бод,
Тани жандапилон ба доми ту бод!
Нишастӣ ту бар тахти шоҳаншаҳӣ,
Ҳамат саркашӣ боду ҳам фарраҳӣ.
Дуруде расонам ба шоҳи ҷаҳон
Зи Золи сипаҳбад, гави паҳлавон.
Агар шоҳ фармон диҳад бандаро,
Ки бикшоям аз банд гӯяндаро.»
Қубоди диловар баромад зи ҷой,
Ба гуфтори ӯ дод бас ҳушу рой. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 >>> |