|
Ҷилди II: ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО
АЗ КӮҲИ АЛБУРЗ
Бузургон ба шоҳӣ варо хостанд.
Падар-м он гузини меҳон сар ба сар,
Ки хонанд ӯро ҳаме Золи Зар,
Маро гуфт, Рав то ба Албурзкӯҳ,
Қубоди диловар бубин бо гурӯҳ.
Ба шоҳӣ бар ӯ офарин кун яке,
Макун пеши ӯ-дар диранг андаке.
Бигӯяш, ки гурдон туро хостанд,
Сари тахти шоҳӣ биёростанд.
Нишон ар тавонӣ ту додан маро,
Диҳиву ба шоҳӣ расонӣ варо».
Зи гуфтори Рустам далери ҷавон
Бихандиду гуфташ, ки «Эй, паҳлавон,
Зи тухми Фаридун манам Кайқубод,
Падар бар падар ном дорам ба ёд.» 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 >>> |