|
Ҷилди V: РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ГУДАРЗ
Далерӣ макун, ҷанги моро махоҳ,
Ки рӯбоҳ бо шер н-ояд ба роҳ”.
Чу Ҳумон зи Гударз посух шунид,
Чу шер андар он размгаҳ бардамид.
Ба Гударз гуфт: “Ар наёӣ ба ҷанг,
Ту бо ман на з-он аст, к-ояд-т нанг.
Аз он пас, ки ҷанги Пашан дидаӣ,
Сар аз разми туркон бипечидаӣ.
Ба Лодан ба ҷанг озмудӣ маро,
Ба овардгаҳ-дар ситудӣ маро.
В-ар эдун, ки ҳаст ин ки гӯӣ ҳаме
В-аз ин гуфта кирдор ҷӯӣ ҳаме.
Яке баргузин аз миёни сипоҳ,
Ки бо ман бигардад ба овардгоҳ, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |