|
Ҷилди V: РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ГУДАРЗ
Бад-ӯ гуфт Ҳумон ба бонги баланд,
Ки “Гурдон кадоманду солор чанд?
Яке достон аз ҷаҳондор шоҳ
Ба ёд оварам андар ин* размгоҳ,
Ки тахти каён ҷуст хоҳӣ, маҷӯй,
Чу ҷӯӣ, зи оташ мабартоб рӯй.
Туро орзу ҷангу пайкор нест,
В-агар гулчинӣ, роҳ бехор нест.
Надорӣ аз эшон яке шермард,
Ки бо ман кунад пеши лашкар набард.
Ба чора ҳаме боз гардониям,
Нагирам фиребат агар дониям”.
Ҳама номдорони пархошҷӯй
Ба Гударз гуфтанд, к-”Ин аст рӯй,
Ки аз мо якеро ба овардгоҳ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |