|
Ҷилди II: ТОХТАНИ СӮҲРОБ БАР ЛАШКАРИ КОВУС
Надорам саворе варо ҳамнабард,
Аз Эрон наёрад кас ин кор кард»
Бишуд Тусу пайғоми Ковус бурд,
Шунида сухан пеши ӯ баршумурд.
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Ҳар шаҳрёр,
Ки кардӣ маро ногаҳон хостгор,
Гаҳе ҷанг будӣ, гаҳе созу базм,
Надидам зи Ковус ҷуз ранҷи разм.»
Бифармуд, то Рахшро зин кунанд,
Саворон бурӯҳо пур аз чин кунанд».
Зи хайма нигаҳ кард Рустам ба дашт,
Зи раҳ Гевро дид, к-андаргузашт.
Ниҳод аз бари Рахш рахшанда зин,
Ҳаме гуфт Гургин, ки биштоб ҳин. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |