|
Ҷилди II: ОШИҚ ШУДАНИ СУДОБА БАР СИЁВУШ
Зи Судоба ёбам басе гуфтугӯй.
Чунин дод посух Сиёвуш, ки «Шоҳ
Маро дод фармону тахту кулоҳ.
Аз он ҷойгаҳ, к-офтоби баланд
Барояд, кунад хокро арҷманд,
Чу ту шоҳ нанҳода бар сар кулоҳ,
Ба хубиву дониш, ба оину роҳ.
Маро роҳ бинмо сӯи бихрадон,
Бузургону корозмуда радон.
Дигар найзаву гурзу тиру камон,
Ба печидан андар сафи бадгумон.
Дигар тахти шоҳию оини бор,
Дигар базми руду маю майгусор.
Чӣ омӯзам андар шабистони моҳ? 1 2 3 4 5 6 >>> |