|
Ҷилди II: ЗОДАНИ СИЁВУШ АЗ МОДАР
Басе меҳтар андеша кард андар он,
Наёмад ҳаме бар дилаш - бар гарон.
Ба Рустам супурдаш дилу дидаро,
Ҷаҳонҷӯй пури писандидаро.
Таҳамтан бибурдаш ба Зобулситон,
Нишастангаҳе сохт дар бӯстон.
Савориву тиру камону каманд,
Инону рикебу чиву чуну чанд,
Нишастангаҳу маҷлису майгусор,
Ҳамон бозу шоҳину юзу шикор,
Зи доду зи бедоду тахту кулоҳ,
Сухан гуфтану разму рондан сипоҳ.
Ҳунарҳо биёмӯхташ сар ба сар,
Басе ранҷ бардошт, к-омад ба бар. 1 2 3 4 5 >>> |