|
Ҷилди II: ЗОДАНИ СИЁВУШ АЗ МОДАР
Аз аспу парастандаву симу зар,
Зи мӯҳру зи теғу кулоҳу камар,
Зи пӯшиданӣ, ҳам зи оганданӣ
Зи ҳар сӯ биёвард оварданӣ.
Аз ин ҳар чи дар ганҷи Рустам набуд,
Зи гетӣ фиристоду овард зуд.
Гусӣ кард аз он гуна ӯро ба роҳ,
Ки шуд бар Сиёвуш назора сипоҳ.
Ҳаме рафт бо ӯ Таҳамтан ба ҳам,
Бад-он то сипаҳбад набошад дижам.
Ҷаҳоне ба оин биёростанд,
Чу хушнудии паҳлавон хостанд.
Ҳама зарру анбар биёмехтанд,
Зи шодӣ ба сар-бар ҳаме рехтанд.
1 2 3 4 5 >>> |