|
Тафсири «ва ҳува маъакум»Як сабад пур нон туро бар фарқи сар, Ту ҳамехоҳӣ лаби нон дар ба дар? Дар сари худ печ, ҳил хирасарӣ, Рав дари дил зан, чаро бар ҳар дарӣ? То ба зонуӣ миёни оби ҷӯ, Ғофил аз худ, з-ину он ту обҷӯ. Пеш обу пас ҳам оби бомадад, Чашмҳоро пеш садду халф сад. Асб зери рону форис асбҷӯ, Чист ин? Гуфт: «Асб, лекин асб ку?» Ҳай, на асб аст ин ба зери ту падид, Гуфт: «Оре, лек худ асбе кӣ дид?» Масти чизу пеши рӯйи ӯст чиз, Бехабар з-он чизу шарҳи хеш низ. Масти обу пеши рӯйи ӯст он, Андар обу бехабар з-оби равон. Чун гуҳар дар баҳр гӯяд: «Баҳр ку?» В-он хаёли чун садаф девори ӯ. Гуфтани «Он ку?» ҳиҷобаш мешавад, Абри тоби офтобаш мешавад. Банди чашми ӯст ҳам чашми бадаш, Айни рафъи садди ӯ гашта садаш. Банди гӯши ӯ шуда ҳам ҳуши ӯ, Ҳуш бо Ҳақ дор, эй мадҳуши ӯ.
Саҳифаи 48/177 |