Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт
Ахбор
Таърихи мухтасари кумита
Фаъолияти кумита
Кормандони кумита
Фарҳангнигорӣ
Мақолаҳо
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Абушакури Балхӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пояҳои густариши забони миллӣ..

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи дав-латӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои инкишофи забо-ни тоҷикӣ шароити мусоиде фароҳам гардид ва забони дав-латӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯ ва инкишоф имко-ниятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама шароити мусоиди сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бедуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад. Масалан, имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ ва ҳисобдорӣ истифода шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд. Инчунин ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати забонии худ-ро тавре ба роҳ мондааст, ки омӯзиши забонҳои бегона, яъне англисӣ, русӣ ва ғайра бояд ба воситаи забони дав-латӣ сурат гирад. Ин нукта дар суханрониҳои Президенти кишвар низ борҳо таъкид шудааст. Вале бо вуҷуди муҳайё шудани чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ махсусан дар соҳаи вожагонӣ (лексикӣ) имрӯзҳо дар матбуот ва конференсияҳо бархе аз олимону донишмандон аз харобии забони тоҷикӣ, бо лаҳҷаҳо махлут шудани забони адабӣ яъне оммиёна шудани он ва риоя нашудани меъёрҳои забонӣ шикоят мекунанд. Ба ақидаи мо чунин муҳокимарониҳо агар аз лиҳози амалӣ дар бархе ҳолатҳо дуруст бошад, дар аксари ҳолатҳо асоси воқеӣ надоранд. Барои он ки мо ин гуфтаҳои худро бо санадҳои мувассақ тасдиқ намоем саҳифаеро аз китоби таърихи забони тоҷикӣ рӯгардон менамоем. Тавре маълум аст асосҳои забони адабии муосири тоҷик дар солҳои сиюм тарҳрезӣ шуда буд. Давлати шӯравӣ алорағми идомаи ҷангҳои до-хилӣ, ки дар Тоҷикистон тақрибан дар нимаи аввали солҳои сиюм анҷом ёфт, барои меъёрсозӣ ва ба як мизони муайяни илмӣ даровардани забони тоҷикӣ саъю ку-шишҳои зиёде мекард ва барои татбиқи он ҳама чо-раҳоро медид. То анҷумани аввали забоншиносони Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 1930 дар шаҳри Сталино-бод (Душанбеи имрӯз) доир гардид, дар ҳавзаҳои гуногуни тоҷикзабон (Тошканд, Самарқанд ва ғайра) якчанд маҷлису «Кенгош»-у машваратҳо доир гардид, ки дар онҳо ба ҷузъ аз масъалаҳои гузариш ба алифбои лотинӣ, таъйини принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ муайян кар-дани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ масъалаи асосӣ буд. Бояд қайд кард, ки ин иқдомҳо бо ширкати васеи до-нишмандони рус, шоирон ва нависандагони тоҷик, намояндагони барҷастаи давлатию сиёсӣ, хулоса бо иштироки аксарияти рав-шанфикрон ва зиёиён доир гардида нахустин кӯшишҳои созмо-нёфта ва муназзам барои тартибу танзими меъёрҳои забони адабӣ буданд. Мо ба ихтилофи назарҳо ва муборизаҳои оштинопазири ҷараёнҳои гуногун дар муайян кардани меъёрҳои забони адабӣ дахл накарда фақат ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ба таври умум сиёсати умумии забонӣ дар муайян кар-дани ин принсипҳо асосан аз қонунӣ кардани исти-лоҳоти русӣ ва интернатсионалӣ ба забон ва ба забони гуф-тугӯӣ ва лаҳҷа наздик кардани забони адабӣ иборат буд. Ва бояд гуфт, ки дар татбиқи ин сиёсат аз ҳеҷ гуна воситаҳо мухолифон рӯй намегардонданд. Оҳиста – оҳиста дар нимаи дуввуми солҳои сиюм бо нашри «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (соли 1936) ва «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (соли 1939) сиёсати русикуно-нии забон ва истилоҳоти он ва оммиёна кардани забони адабӣ пурра ба пирӯзӣ расид ва тадбирҳои баъдӣ оид ба табдили алифбо ва махсусан русикунонии истилоҳот барои тағйири сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ) ва овоии (фоне-тикии) забон роҳи васеъ кушод. Масалан, банди 1-и фармони №1 Комис-сариати Халқии маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Сот-сиалистии Тоҷикистон аз 2 – январи соли 1939 чунин буд: «Совешча-нияҳое, ки дар бобати масъалаҳои сохти забон дар моҳи феврал ва дар моҳи ноябри соли 1938 аз тарафи КМ ПК (б) Тоҷикистон ҷеғ зада шуда буданд, дар соҳаи ба тар-тиб даровардани масъалаҳои грамматика, терминология ва орфографияи забони тоҷикӣ як қатор чорабиниҳои конкретӣ муайян карданд. Ин чорабиниҳо ба барҳам додани арха-измҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо (таъкиди мо-С.Н.) дар забо-ни тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ба наздик кардани забони адабӣ ба забони гуфтугӯӣ, дар забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шуданд». Барои исботи ин фикр мо аз забони матбуоти он давра як-ду намуна мео-рем: «Орфографияи мо бояд ки тағйироти дар забони зинда содир шуда-гия ва тенденсияи тараққиёти забона акс кунонда истад… Бандаки «-ро» аз ҳазор сол зиёдтар дар забонҳои эронӣ ис-тиқомат карда бошад ҳам, дар забони гуфтугӯи тоҷикӣ хеле пеш мурда рафтааст…» «Агар мо бандаки «-ро»-я қабул кунем, барои талабагони мактаб грамматикая осон кардагӣ намешавем, балки душвор кардагӣ мешавем. Чунки «ро» аз сабаби сунъӣ буданаш ба талабагон маълум нест ва барои аз худ кардани банда-ки «ро» вая фаҳмонда додан ва ба кор фармудан одат кунондан даркор. ҳол он ки барои аз худ кардани бандаки «а-я» одат кунондан даркор не. Чибакӣ ин шакла вайҳо ҳар рӯз дар вақти гуф-тугӯяшон кор мефармоянд» («Тоҷикистони сурх», 12-маи соли 1939). Умуман, ин давраи инкишофи забони тоҷикӣ пажӯҳиш ва баррасиҳои амиқи илмиву тадқиқотиро мехоҳад ва дар сурати анҷом додани чу-нин пажӯҳишҳо шояд бисёр ҷиҳатҳои норавшани инкишофи забони тоҷикӣ кушода шавад. Мо фақат як мақоларо, ки аз тарафи таҳиягарони лоиҳаи нави алифбо ба номи «Алифбои нав» («Тоҷикистони сурх», 21 июни соли 1939) чоп шудааст, аз назари истифодаи истилоҳот ва услуби за-бонӣ баррасӣ кардем. Маълум гардид, ки дар як матни начандон калон 32 истилоҳи русӣ-интернатсионалӣ аз қабили союз, совет, политика, юбилей, прогрессивӣ, совещания, болшевик, посо-бие, агитатсия, элемент истифода шудааст. Инчунин матн ва услуби навиштани он нишондиҳандаи равшану возеҳи махлут шудани забони тоҷикӣ бо вожаву ибораҳои забони русӣ мебошад. «Партия ва ҳукумати Тоҷикистон роли бузурги политикӣ ва мадании забони русро ба назар гирифта, порсол дар мактабҳои тоҷикӣ ва дигар мактабҳои республика албатта таълим до-дани забони русиро ҷорӣ намуданд» ё «Алифбои лотинӣ ҳоло дар роҳи минбаъда афзоиш кардани маданияти сотсиалистии тоҷик монеа ва ғови ҳис карда мешудагӣ шуда монда-аст» ё «Оммаи меҳнаткаши дигар республикаҳои бародаронаи со-юзӣ ҳам барои гузаштан ба алифбои нав масъала бардоштанд» ё ин ки «Гуфтушуниди дар ҳамон совешчания барпо шудагӣ он роҳҳоеро, ки дар вақти тартиб додани проекти алифбои нав ба он рафтан лозим аст, ба таври умумӣ муайян карда буд». ҳамин тариқ ба қабули алифбои нав ва санадҳои меъёрӣ до-ир ба инкишофи забон сиёсати забонии Иттиҳоди Шӯравӣ барои солҳои баъдӣ муайян гардид, ки он то охири солҳои 80-ӯми қарни XX идома ёфт. Агар ин сиёсат то охири солҳои панҷоҳум хеле бо шиддат амалӣ мегардид, пас аз охири солҳои 60-ум он заифтар гардид ва забоншиносон имконият пайдо кар-данд, ки дар бораи масъалаҳои забон ва имлои он озодтар андеша намо-янд. Аз охири солҳои 50-уми садаи гузашта дар рушду такомули забони тоҷикӣ як нав ҷунбу ҷӯши эҳтиёткорона дар шакли руҷӯъ ба манбаи миллӣ ва ислоҳи баъзе ис-тилоҳоти нодуруст ва ҳамчунин кӯшиши камҷуръатонаи истифодаи вожаву истилоҳоти навсохти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳамзабонон пайдо мешавад. Омилҳои барангезонанда ва сабабҳои асосии ин ҷараён ба назари мо чунин буданд: «Нармиш»-и нисбие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар (пас аз анҷумани XX ҳКИШ, 1956) падид омад; Нашри як силсила осори барҷастаи илмӣ ва фарҳангии адабиёти классикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ (ки-риллӣ); Баланд шудани сатҳи саводнокии аҳолӣ ва ошноии амиқтар ба таъриху фарҳанги худ; Густариши робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо мамо-лики Шарқ, аз ҷумла Эрону Афғонистон, рафту омади ҳайатҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ҳамкориҳои адибону олимон дар чопи намунаҳои назму насри адибони муосири кишварҳои ҳамзабон ва монанди он; Боз шудани шӯъбаи форсӣ ва арабӣ дар Дониш-гоҳи давлатии Тоҷикистон, таъсиси Шӯъбаи мус-тақили шарқшиносӣ дар Академияи илмҳо ва оғози мутолиа ва таҳқиқи таърих, адабиёт ва иқтисоди муосири кишварҳои ҳамзабон; Оғози рафту омади як қатор кормандони илмӣ ва мао-рифу матбуот ба Эрону Афғонистон ба сифати тарҷумон ва мо-нанди он. Аз ҷумла дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллот кам-кам суханони фаромӯшшуда ва истилоҳоти нав пайдо шуд, ки дар муқобили луғату истилоҳоти русӣ истифода гардиданд, аз қабили «анҷуман» ба ҷои «съезд», «донишгоҳ» ба ҷои «университет», «до-нишҷӯ» ба ҷои «студент» ва ғайра. Ин кор ҳанӯз ҷанбаи расмӣ надошта, балки ташаббуси ашхо-си алоҳида буд. Мутаассифона, ин равиши дурусти илмӣ дар Анчумани забоншино-сони Тоҷикистон (1964) аз нав саркӯб гардид. ҳатто ин масъала ба доираҳои марказии ҳукумати Шӯравӣ ра-сонда шуд. Тавре, ки дар китоби «Инкишофи истилоҳот ба за-бонҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» (соли 1986, ба забони русӣ, саҳифаи 160) дар ин бора чунин навишта шу-дааст: «Солҳои охир дар баъзе ҷумҳуриҳо ҳодисаҳои бозгашт ба системаи кайҳо радшудаи иқтибосгирӣ, масалан табдили интернатсионализмҳои ти-пии аврупоӣ ба интернатсионализмҳои типии арабиву форсӣ мушоҳида мешавад. Чунин реинтернатсионализатсия дар офариниши ис-тилоҳот на ба пешрафти истилоҳсозии миллӣ ва на ба ин-кишофи фонди умумии луғавӣ ва истилоҳотии забони халқҳои ИҶШС мусоидат нахоҳад кард». Шахсоне, ки имрӯз аз забони оммиёна ва шевагии кучаву бозорҳои шаҳр ва нақлиёти мусофирбарии он шикоят мекунанд, шояд агар ҷавонҳо дар ёд надошта бошанд аз миёнсолон боло ёд доранд, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва махсусан дар наклиёти мусофир-барии шаҳр ба ғайр аз забони русӣ лафзи тоҷикӣ шунида намешуд ва агар ҳам гоҳ-гоҳе садое ба забони тоҷикӣ мебаромад ҳамон замон аз тарафи дигарон мавриди танқиду саркӯбӣ қарор мегирифт. Имрӯз, ки бо шарофати истиқлолият муҳити пойтахти Тоҷикистон дар шакли шева бошад ҳам, ранги тоҷикӣ гирифта истодааст, мавриди истиқбол аст ва минбаъд ба як низоми му-айяни меъёрҳои забони адабӣ даровардани он кори ҳамаи мо – равшанфикрон ва махсусан мутахассисони риштаи забон ва адабиёт аст. Раванди мулоҳизакорона ва муҳофизакоронаи рушду такому-ли забони тоҷикӣ, ки аз солҳои 60-ум оғоз гардида буд, пас аз тағйири хати сиёсии давлати шӯравӣ ба номи «бозсозӣ» бебоктар ба сӯи асли худ ва раҳоӣ аз меъёрҳои маснӯӣ гом мебардошт. Дар ин раванд илова бар авомили фарҳангӣ нақши касоне, ки дар ин солҳо ба-рои кор ба Афғонистон рафта буданд, ба назари мо қобили му-лоҳиза мебошад. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон, махсусан дар солҳои аввал дар инкишофи забони тоҷикӣ растохези аҷибе падид омад. Маҳдудияту мамониатҳо ва «сензура» аз байн рафт ва исти-лоҳоти фаровони сиёсӣ ва иҷтимоии навсохт аз форсии Эрон ва дарии Афғонистон дар забони гуфтор ва навиштор иқтибос гар-дид. Ба таври куллӣ дар ин ҷунбиш ду шеваи бархурд баръало на-моён шуд. Як гурӯҳ фарҳангиёну аҳли матбуот исти-лоҳоти сиёсиву иҷтимоие, ки солҳои сиюм барканор гардида буданд, монанди анҷуман, рӯзнома, шӯро, инқилоб ва ғайраро дубора зинда карда, худ низ луғоти наве аз қабили «чархбол», «сарқонун», «вомбарг» ва амсоли он сохтанд. Гурӯҳи дигари нисбатан тӯндгаро (радикал), гузашта аз ин истилоҳоти сиёсиву иҷтимоии навсохти форсиро меъёри асосӣ ва намунаи олии вожагузинӣ пазируфта, онҳоро ба ҳамон шакл истифода карданд. Кор ба ҷое расида буд, ки дар баъзе мавридҳо бидуни риояти системаи овоии таърихии забони тоҷикӣ «Эрон»-ро ба «Ирон» ва амсоли он табдил карда, ҳатто дар гуфтор ва суханрониҳои худ оҳанги ҷумлаҳоро ҳам ба шакли муравваҷи форсии ку-нунӣ талаффуз мекарданд. ҷойи шубҳа нест, ки масъалаҳои умумии забони тоҷикӣ, аз қабили баъзе меъёрҳои дастурӣ ва вожагонии забони тоҷикӣ, махсусан системаи истилоҳсозии забони тоҷикӣ ниёз ба бознигарӣ ва такмил дорад. Вале ин раванд бояд бидуни таассуб ва тақлидкориҳои хилофи табиати хо-си забони тоҷикӣ сурат гирад, то он ки чеҳраи зебо ва вижа-гиҳои таърихии онро, ки аз гузаштагон ба мо расидааст, бо ҳамон рангорангӣ ба ояндагон мерос гузорем. Албатта, дар инкишофи забони тоҷикӣ, дар шароити имрӯз масъалаҳову пробле-маҳои ҳалталаб хеле зиёданд. Ба ақидаи мо барои бартараф кардани ин навоқис танҳо шароити мусоиди сиёсӣ ва иҷрои тадбирҳои давлатӣ дар бораи татбиқи қонуни забон кифоя нестанд. Пеш аз ҳама худи қонуни забон, ки дар давраҳои охири даврони шӯравӣ боназардошти шароити сиёсии он давра таҳия шуда буд, ислоҳи ҷиддӣ мехоҳад. Бояд гуфт, ки сиёсати давлатии шӯравӣ дар робита бо забонҳои миллӣ сиёсати дузабонӣ ё билингвизм ва оҳиста-оҳиста ба забони русӣ гузаштани халқҳои шӯравиро дар назар дошт. Ва қонуни забон низ дар асоси ҳамин сиёсат таҳия гардида буд ва дар он ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни халқҳо баҳо дода шуда буд, ки имрӯз аҳамияти худро гум кардааст. Биноан дар таҳияву таҳрири қонуни забон бояд асоси қонунгузории давлатии сиёсати забон дар назар гирифта шавад, ки он аз додани аҳамияти бештар ба забони давлатӣ ва ба шароити якза-бонӣ ё монолигвизм гузаштани ҷомеа иборат аст. Пеш аз ҳама номи қонуни забон бояд ба шакли «қонуни забони давлатии ҶТ» тағйир дода шавад. Зеро матни имрӯзаи он дар шакли «қонуни забони ҶТ» ва матни худи қонун ва таф-сири моддаҳои он ба дузабонӣ ва ҳатто сезабонии тоҷикиву русиву узбекӣ оварда мерасонад, ки боиси сӯитафоҳумҳо мешавад. Баъдан бояд матни қонуни забон бо иловаҳои за-рурӣ такмил шавад. Ин иловаҳо метавонад бештар барои нашъу-намо ва густариши забони давлатӣ мусоидат кунад. Иловаҳо мум-кин аст мавзӯъҳои зерро дар бар гирад. Масъалаҳои таҳсилот ва истифодаи забони тоҷикӣ. Ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ. Забони тоҷикӣ ва муносибати он бо форсии Эрон ва да-рии Афғонистон. Истифодаи забони тоҷикӣ дар расонаҳои иттило-отӣ (матбуот, радио, телевизион ва иттилооти компю-терӣ). Истифодаи забонҳои ғайр дар қаламрави Тоҷикистон. (Аксарияти ин иловаҳо дар таҳрири нави қонуни забон, ки имрӯзҳо идома дорад, дар назар гирифта шудаанд). Тамоми санадҳои қонунгузории ҶТ бояд дар асоси ҳамин равия таҳия шавад. Инчунин таҳсилоти хама-гонӣ ва олӣ низ дар асоси забони тоҷикӣ пеш бурда шавад. Яъне дар таҳияи забони илм бояд пеш аз ҳама такя ба ни-зоми таҳсилоти хамагонӣ ва олӣ карда шавад, чунки ин сис-тема асоси рушди забони давлатӣ мебошад. Барои таҳияи ки-тобҳои дарсӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти ин гуна ки-тобҳо чораҳои фаврӣ дидан зарур аст, чунки тавре ки мо ме-донем дастурҳо ва китобҳои дарсӣ ва луғатномаҳои бешуморе, ки чоп мешаванд, бедуни назорати як маркази ягона мегузаранд ва дар навищтану таҳияи онҳо бесару-сомониҳои зиёде дида мешавад. Яке аз масъалаҳои мураккаби дигар, ки ба рушди забони тоҷикӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ин фазои иттило-отӣ мебошад. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон фазои иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ пурқувват нест. Матбуот, радиову телевизион ва фазои иттилоотии ком-путерӣ, ки се унсури асосии иттилоотӣ мебошанд, бештар ҷанбаи русӣ доранд. Яъне дар пахшу нашри ин расонаҳо за-бони давлатӣ ва бартарӣ доштани он дар фазои иттилоотӣ умуман ба назар гирифта намешавад. Ба ҷузъ аз якчанд рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба забони тоҷикӣ, аксарияти нашрияҳо ба забони русӣ чоп ме-шаванд. Системаи радио ва телевизион низ ба ҳамин минвол аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон иттилооти компутерӣ ва технологияи компутерӣ аҳамияти бештар пайдо карда дар бисёр ҳолат иттилооте, ки ба воситаи компутерҳо гирифта мешавад, аз дигар расонаҳои дида бартарӣ ва афзалият дорад, вале забони тоҷикӣ то имрӯз дар ин бахш ҷои худро пайдо накар-дааст. Бояд тазаккур дод, ки бо паҳн шудани технологияи компу-терӣ ва пайванд шудани тамоми манотиқи Тоҷикистон ба як маркази умумии компутерӣ барои рушди забони тоҷикӣ саҳифаи нав кушода мешавад. Барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ бояд тамоми ҷанбаҳои истифодаи он дар ҳаёти сиёсӣ, икти-содӣ ва иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад. Барои он бояд забони тоҷикӣ дар ин соҳаҳо бо як низоми муайяни барномарезишуда истифода шавад. Яъне ба ҷузъ аз таҳрири ҷиддии қонуни забон принсипҳои асосии исти-лоҳсозии забони тоҷикӣ низ мавриди бозбиниву таҷдид қарор гирад. Ин принсипҳо бояд дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи забони тоҷикӣ дар солҳои охир, таҷрибаи хамзабонони мо дар Эрону Афғонистон ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ таҳия шавад. Дар таҳияи принсипҳои асосии исти-лоҳоти забони тоҷикӣ масъалаҳои зерин бояд ҳатман дар мадди назар гирифта шаванд. Сарчашмаҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ. Ба ин сарчашмаҳо манбаи миллӣ яъне забони тоҷикӣ ва манбаи байналхалқӣ яъне забонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ дохил мешаванд. Ба сарчашмаҳои миллии за-бони тоҷикӣ масъалаҳои зерин шомиланд. Истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуф-тугӯӣ Истифодаи забони адабиёти классикӣ. Ин манбаъ дар назди исти-лоҳсозон чунин вазифаро мегузорад: Пеш аз ҳама бояд забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони форсии дарӣ аз дидгоҳи вожагузинӣ таҳқиқ шавад. Яқин аст, ки дар он ганҷина во-жаҳои ноб ва усулҳои нодири вожагузинии нуҳуфта ва ё но-ёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони форсии дарӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд. Ҷустуҷӯ дар девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаи асосии вожаҳо ва исти-лоҳоти забони форсии дарӣ ва шеваҳои калимасозии ме-росӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд; Мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори дос-тонҳои омиёна, сафарномаҳо. Нависандагони ин асарҳо аз дарборҳо дур ва ба таври куллӣ аз сабку тарзҳои нигоришо-ти печида ба саҷъҳо ва луғоту истилоҳоти арабӣ озодтар буданд. Гузашта аз ин онҳо бисёр вожа ва исти-лоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни марду-монро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад. Таҳқиқ ва таҳлили фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои оғози фарҳангсозии забо-ни форсии дарӣ аз нигоҳи вожагузинӣ ва исти-лоҳшиносӣ ва амсоли он. Истифодаи забонҳои бостонии форсӣ. Истифодаи луғатҳои арабӣ. ҳадаф ин ҷо вожаҳои забони арабии муосир набуда, балки луғотест, ки кор-бурди онҳо дар забони тоҷикӣ собиқаи тӯлонӣ доранд. Истифодаи таҷрибаи вожасозӣ ва истилоҳсозии фор-сии Эрон ва дарии Афғонистон. Манобеи байналмилалӣ. ҳадаф аз манобеи байналмилалӣ луғоту истилоҳоти навест, ки аз охири асри XIX дар забони тоҷикӣ нуфуз кардаанд. Ба ин манбаъ забони русӣ ҳам дохил мешавад ва ба андешаи мо дар оянда низ ҳамчун манбаи муҳим боқӣ хоҳад монд. Тавре, ки Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов мефармоянд «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Бинобар ин таҳкими давлат ва давлатдории миллӣ бидуни инкишофу густариши забони тоҷикӣ номум-кин аст. Мо ҳама хуб медонем, ки забони давлатӣ ғамхории давлатӣ мехоҳад ва ҷои шукру қадрдонӣ ҳаст, ки сарвари давлати мо имрӯз ҳомии забон аст. Фа-ромӯш накунем, ки дар ҳамин солҳои истиқлол муно-сибати душманона ва бадқасдона нисбат ба забони давлатӣ ва ба дараҷаи давлатӣ баровардани забонҳои бегона вуҷуд дошт ва кӯшишҳои собитқадамона ва дурандешонаи Прези-денти кишвар буд, ки пеши роҳи ин дасисаву иғвогариҳо гирифта шуд. Хулоса, доир ба масъалаҳои гуногуни рушду инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷик ва хусусиятҳои дастуриву вожагонии он са-волҳои фаровони посухталаб ҷамъ шудааст. Ба назари мо вақти он расидааст, ки як анҷумани бо салоҳияти забонши-носон баргузор гардида масъала ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намояд ва барои нашъунамои забони давлати мустақили Тоҷикистон дар оянда тавсияҳои илмӣ ва пеш-ниҳодҳои амалӣ таҳия намояд. Аз доир намудани анҷумани дуввуми забоншиносони Тоҷикистон (1964) зиёда аз 40 сол сипарӣ гаштааст. Бинобар ин гузаронидани чунин як маъракаи муҳим барои дар амал пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон, ки фарогири тамоми мавзӯъҳо ва масъа-лаҳои забонӣ бошад, бисёр муҳим аст. Кумитаи истилоҳот, моҳи июли соли 2005
Дигар мақолаҳо:
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ..
Таркиби луғавии ҳар як забони миллиро чун манзумаи мураккабе муойина кардан мумкин аст, ки бунёдии онро дар баробари луғати оммавӣ (яъне калимаву ибораҳое, ки дар гуфтору навиштори ҳамарӯзаи одамон новобаста ба фаъолияти тахассусиашон истеъмол мешаванд), ҳамчунин луғати махсусе ё худ вежалуғат ташкил медиҳад, ки истеъмоли умум надорад. бештар>>
Забон рукни асоситарини давлатдорист..
Раванди ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ расидани ҷумҳурии тоҷикистон як марҳилаи мушкили давраи навини таърихи тоҷикистон аст. Мардуми тоҷикистон дар давраи муҳокима ва қабули қонуни забон ба таври возеҳу равшан рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии худро нишон доданд. Метавон гуфт,ки муҳокима ва қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани тоҷикистон аст. бештар>>
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj