Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Тафсири гуфтани соҳирон Фиръавнро дар вақти сиёсат, ки «ло зайра инно ило раббано мунқалибун»

Наъраи «лозайр» бишнид осмон,
Чарх гӯйӣ шуд пайи он савлаҷон:
Зарбати Фиръавн моро нест зайр,
Лутфи Ҳақ ғолиб бувад бар қаҳри ғайр.
Гар бидонӣ сирри моро, эй музилл,
Мераҳонимон зи ранҷ, эй кӯрдил.
Ҳин, биё з-ин сӯ, бибин, к-ин арғанун,
Мезанад: «Ё лайта қавми яъламун».
Дод моро доди Ҳақ фиръавние,
На чу фиръавниту мулкат фоние.
Сар барору мулк бин зинда-в ҷалил,
Эй шуда ғирра ба Мисру рӯди Нил.
Гар ту тарки ман наҷис хирқа кунӣ,
Нилро дар нили ҷон ғарқа кунӣ.
Ҳин, бидор аз Миср, эй Фиръавн, даст,
Дар миёни Мисри ҷон сад Миср ҳаст.
Ту «ано раббун» ҳамегӯйӣ ба ом
Ғофил аз моҳийяти ин ҳар ду ном.
Рабб бар марбуб кай ларзон бувад?
Кай «ано»-дон банди ҷисму ҷон бувад?
Нак «ано» моем, раста аз «ано»,
Аз «ано»-и пурбалои пуръано.
Он аное бар ту, эй саг, шум буд,
Дар ҳақи мо давлати маҳтум буд.
Гар набудит ин «ано»-и кинакаш,
Кай задӣ бар мо чунин иқболи х(в)аш?
Шукри он, к-аз дори фонӣ мераҳем,
Бар сари ин дор пандат медиҳем;
Дори қатли мо буроқи реҳлат аст,
Дори мулки ту ғуруру ғафлат аст.
Ин ҳаёте, хуфя дар нақши мамот
В-он мамоте, хуфя дар қишри ҳаёт.
Менамояд нур нору нор нур
В-арна дунё кай будӣ дорулғурур?
Ҳин, макун таъҷил, аввал нест шав,
Чун ғуруб орӣ, баро аз шарқи зав.
Он «ано»-ии азал дил данг шуд,
Ин «аноӣ» сард гашту нанг шуд.
З-он «ано»-и беъано хуш гашт ҷон,
Шуд ҷаҳон ӯ аз «ано»-ии ҷиҳон.
Аз «ано» чун раст, акнун шуд «ано»,
Офаринҳо бар «ано»-и беъано,
К-ӯ гурезону «ано»-е дар пайаш
Медавад, чун дид вайро бе вайаш.
Толиби ӯӣ, нагардад толибат,
Чун бимурдӣ, толибат шуд матлабат.
Зиндаӣ, кай мурдашӯ шӯяд туро?
Толибӣ, кай матлабат ҷӯяд туро?
Андар ин баҳс ар хирад раҳбин будӣ,
Фахри Розӣ роздони дин будӣ.
Лек чун «ман лам язуқ лам ядри» буд,
Ақлу тахйилоти ӯ ҳайрат фузуд.
Кай шавад кашф аз тафаккур ин «ано»?
Он «ано» макшуф шуд баъд аз фано.
Мефитад ин ақлҳо дар ифтиқод
Дар муғокии ҳулулу иттиҳод.
Эй Аёзи гашта фонӣ з-иқтироб,
Ҳамчу ахтар дар шуоъи офтоб,
Балки чун нутфа мубаддал ту ба тан,
Н-аз ҳулулу иттиҳодӣ муфтатан.
Афв кун, эй афв дар сандуқи ту
Собиқи лутфӣ, ҳама масбуқи ту.
Ман кӣ бошам, ки бигӯям: афв кун?
Эй ту султону хулосай амри «кун».
Ман кӣ бошам, ки бувам ман бо манат?
Эй гирифта ҷумла «ман»-ҳо доманат.

Саҳифаи 176/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj