Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ташнеъ задани умаро бар Аёз, ки чаро шикасташ? Ва ҷавоб додани Аёз эшонро

Гуфт Аёз: «Эй меҳтарони номвар!
Амри шаҳ беҳтар ба қимат, ё гуҳар?
Амри султон беҳ бувад пеши шумо,
Ё ки ин некӯ гуҳар? Баҳри Худо.
Эй назартон бар гуҳар, бар шоҳ на,
Қиблатон ғул асту ҷодай роҳ на.
Ман зи шаҳ барменагардонам басар,
Ман чу мушрик рӯй н-орам бо ҳаҷар.
Бе гуҳар ҷоне, ки рангин сангро
Баргузинад, пас ниҳад шоҳи маро.
Пушт сӯйи лӯъбати гулранг кун,
Ақл дар ранговаранда данг кун.
Андар о дар ҷӯ, сабӯ бар санг зан,
Оташ андар бӯву андар ранг зан.
Гар найӣ дар роҳи дин аз раҳзанон,
Рангу бӯ мапраст монанди занон».
Сар фуруд андохта он меҳтарон,
Узрҷӯён гашта з-он нисён ба ҷон.
Аз дили ҳар як дусад оҳ он замон
Ҳамчу дуде мешудӣ то осмон.
Кард ишорат шаҳ ба ҷаллоди куҳун,
Ки зи садрам ин хасонро дур кун.
Ин хасон чӣ лоиқи садри мананд?
К-аз пайи санг амри моро бишкананд.
Амри мо пеши чунин аҳли фасод
Баҳри рангин санг шуд хору касод.

Саҳифаи 174/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj