Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Фош кардани он канизак он розро бо халифа аз бими захми шамшер ва илзоми халифа, ки рост гӯ сабаби ин хандаро вагарна бикушамат

Зан чу оҷиз шуд, бигуфт аҳволро,
Мардии он Рустами садзолро.
Шарҳи он гирдак, ки андар роҳ буд,
Як ба як бо он халифа вонамуд:
Шер куштан, сӯйи хайма омадан,
В-он закар қоим чу шохи каргадан.
Боз ин сустии ин номускӯш,
К-ӯ фурӯ мурд аз яке хуш-хушти муш.
Розҳоро мекунад Ҳаққ ошкор,
Чун бихоҳад руст, тухми бад макор.
Обу абру оташу ин офтоб
Розҳоро мебарорад аз туроб.
Ин баҳори нав зи баъди баргрез,
Ҳаст бурҳони вуҷуди растахез.
Дар баҳор он сиррҳо пайдо шавад,
Ҳар чӣ хӯрдаст ин замин, расво шавад.
Бардамад он аз даҳону аз лабаш,
То падид ояд замиру мазҳабаш.
Сирри бехи ҳар дарахтеву х(в)араш,
Ҷумлагӣ пайдо шавад он бар сараш.
Ҳар ғаме, к-аз вай ту дил овардаӣ,
Аз хумори май бувад, ки х(в)ардаӣ.
Лек кай донӣ, ки он ранҷи хумор
Аз кадомин май баромад ошкор?
Ин хумор ишкуфаи он дона аст,
Он шиносад, к-огаҳу фарзона аст.
Шоху ишкуфа намонад донаро,
Нутфа кай монад тани мардонаро?
Нест монандо ҳаюло бо асар,
Дона кай монанда омад бо шаҷар?
Нутфа аз нон аст, кай бошад чу нон?
Мардум аз нутфаст, кай бошад чунон?
Ҷиннӣ аз нор аст, кай монад ба нор?
Аз бухор аст абру набвад чун бухор.
Аз думи Ҷабрил Исо шуд падид,
Кай ба сурат ҳамчу ӯ буд, ё надид?
Одам аз хок аст, кай монад ба хок?
Ҳеч ангуре намемонад ба ток.
Кай бувад дуздӣ ба шакли пойи дор?
Кай бувад тоат чу хулди пойдор?
Ҳеч асле нест монанди асар,
Пас надонӣ асли ранҷу дарди сар.
Лек бе асле набошад ин ҷазо,
Бегуноҳе кай биранҷонад Худо?
Он чӣ асл асту кашандай он шай аст,
Гар намемонад ба вай, ҳам аз вай аст.
Пас, бидон: ранҷат натиҷай заллатест,
Офати ин зарбатат аз шаҳватест.
Гар надонӣ он гунаҳро з-эътибор,
Зуд зорӣ кун, талаб кун иғтифор.
Саҷда кун, сад бор мегӯй: «Эй Худо!
Нест ин ғам ғайри дархурду сазо.
Эй ту субҳон, пок аз зулму ситам,
Кай диҳӣ бе ҷурм ҷонро дарду ғам?
Ман муайян менадонам ҷурмро,
Лек ҳам ҷурме бибояд гурмро.
Чун бипӯшидӣ сабабро з-эътибор,
Доимо он ҷурмро пӯшида дор.
Ки ҷазо изҳори ҷурми ман бувад,
К-аз сиёсат дуздиям зоҳир шавад».

Саҳифаи 169/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj