|
Насиҳати муборизон ӯро, ки бо ин дилу заҳра, ки аз калопеса шудани чашми кофири асире дастбаста беҳуш шавӣ ва дашна аз даст бияфтад, зинҳор мулозими матбахи хонақоҳ бош ва сӯйи пайкор марав, то расво нашавӣҚавм гуфтандаш: «Ба пайкору набард Бо чунин заҳра, ки ту дорӣ, магард. Чун зи чашми он асири бастадаст Ғарқа гаштӣ, киштии ту даршикаст. Пас, миёни ҳамлаи шерони нар, Ки бувад бо теғашон чун гӯй сар, Кай тавонӣ кард дар хун ошино? Чун найӣ бо ҷанги мардон ошно, Ки зи тоқотоқи гарданҳо задан, Тоқ-тоқи ҷомакӯбон мумтаҳан. Бас тани бесар, ки дорад изтироб, Бас сари бетан ба хун – бар чун ҳубоб. Зери дасту пойи асбон дар ғазо, Сад фанокун ғарқа гашта дар фано. Инчунин ҳуше, ки аз муше парид, Андар он саф теғ чун хоҳад кашид? Чолиш аст он, ҳамза хӯрдан нест ин, То ту бармолӣ ба хӯрдан остин. Нест ҳамза хӯрдан, ин ҷо теғ бин, Ҳамзае бояд дар ин саф оҳанин. Кори ҳар нозукдиле набвад қитол, Ки гурезад аз хаёле чун хаёл. Кори туркон аст на таркон, бирав, Ҷойи таркон ҳаст хона, хона шав».
Саҳифаи 160/177 |