|
Васфи заъифдилӣ ва сустии сӯфии сояпарварди муҷоҳида нокарда, дарду доғи ишқ ночашида, ба саҷдаву дастбӯси ом ва ба ҳурмат назар кардан ва ба ангушт намудани эшон, ки имрӯз дар замона сӯфӣ ӯст, ғарра шуда ва ба ваҳм бемор шуда ҳамчун он муаллим, ки кӯдакон гуфтанд, ки ранҷурӣ ва бо ин ваҳм, ки ман муҷоҳидам, маро дар ин раҳ паҳлавон медонанд, бо ғозиён ба ғазо рафта, ки ба зоҳир низ ҳунар бинмоям, дар ҷиҳоди акбар мустасноам, ҷиҳоди асғар худ пеши ман чӣ маҳал дорад? Хаёли шер дида ва далериҳо карда ва масти ин далерӣ шуда ва рӯй ба беша ниҳода ба қасди шер ва шер ба забони ҳол гуфта: «калло савфа таъламуна сумма калло савфа таъламун»Рафт як сӯфӣ ба лашкар дар ғазо, Ногаҳон омад қаториқу вағо. Монд сӯфӣ бо буна-в хайма-в зиъоф, Форисон ронданд то саффи масоф. Мусқилони хок барҷо монданд, «Собиқуна-с-собиқун» дарронданд. Ҷангҳо карда, музаффар омаданд, Бозгашта бо ғаноим судманд. Армуғон доданд, к-эй сӯфӣ, ту низ ӯ бурун андохт, настад ҳеч чиз. Пас бигуфтандаш, ки хашминӣ чаро? Гуфт: «Ман маҳрум мондам аз ғазо. З-он талаттуф ҳеч сӯфӣ х(в)аш нашуд, Ки миёни ғазв ханҷаркаш нашуд». Пас бигуфтандаш, ки овардем асир, Он якеро баҳри куштан ту бигир. Сар бибурраш, то ту ҳам ғозӣ шавӣ, Андаке хуш гашт сӯфӣ, дил қавӣ, К-обро гар дар вузӯ сад равшанист, Чунки он набвад таяммум карданист. Бурд сӯфӣ он асири бастаро, Дар паси хиргаҳ, ки орад ӯ ғазо. Дер монд он сӯфӣ он ҷо бо асир, Қавм гуфто, дер монд он ҷо фақир. Кофири баста ду даст, ӯ куштанист, Бисмилашро мӯҷиби таъхир чист? Омад он як дар тафаҳҳус дар пайаш, Дид кофирро ба болои вайаш. Ҳамчу нар болои мода, он асир Ҳамчу шере хуфта болои фақир. Дастҳо баста ҳамехойид ӯ Аз сари истеза сӯфиро гулӯ. Габр мехойид бо дандон гулӯш, Сӯфӣ афтода ба зеру рафта ҳуш. Даст баста габр ҳамчун гурбае, Хаста карда ҳалқи ӯ бе ҳарбае. Нимкушташ карда бо дандон асир, Риши ӯ пурхун зи ҳалқи он фақир. Ҳамчу ту, к-аз дасти нафси бастадаст Ҳамчу он сӯфӣ шудӣ бехешу паст. Эй шуда оҷиз зи таллӣ кеши ту, Садҳазорон кӯҳҳо дар пеши ту. З-ин қадар харпушта мурдӣ аз шукӯҳ, Чун равӣ бар ақбаҳои ҳамчу кӯҳ? Ғозиён куштанд кофирро ба теғ, Ҳам дар он соат зи ҳамят бедареғ. Бар рухи сӯфӣ заданд обу гулоб, То ба ҳуш ояд зи бехешиву хоб. Чун ба ҳуш омад, бидид он қавмро, Пас бипурсиданд: «Чун буд моҷаро? Аллаҳ, Аллаҳ! Ин чӣ ҳол аст, эй азиз? Инчунин беҳуш гаштӣ аз чӣ чиз? Аз асири нимкуштай бастадаст Инчунин беҳуш афтодиву паст?» Гуфт: «Чун қасди сараш кардам ба хашм, Турфа дар ман бингарид он шӯхчашм. Чашмро во карду паҳн ӯ сӯйи ман Чашм гардониду шуд ҳушам зи тан. Гардиши чашмаш маро лашкар намуд, Ман надонам гуфт чун пурҳавл буд? Қисса кӯтаҳ кун, к-аз он чашм инчунин Рафтам аз худ, уфтодам бар замин».
Саҳифаи 159/177 |