|
Навохтани султон АёзроЭй Аёзи пурниёзи сидқкеш, Сидқи ту аз баҳру аз кӯҳ аст беш. На ба вақти шаҳватат бошад исор, Ки равад ақли чу кӯҳат коҳвор. На ба вақти хашму кина сабрҳот Суст гардад дар қарору дар субот. Мардӣ ин мардист, на ришу закар В-арна будӣ шоҳи мардон кери хар. Ҳақ киро хондаст дар Қуръон риҷол? Кай бувад ин ҷисмро он ҷо маҷол? Рӯҳи ҳайвонро чӣ қадр аст, эй падар? Охир аз бозори қассобон гузар: Садҳазорон сар ниҳода бар шикам, Арзашон аз дунбаву аз думми кам. Рӯсапӣ бошад, ки аз ҷавлони кер Ақли ӯ муше шавад, шаҳват чу шер.
Саҳифаи 157/177 |