|
Боз ҷавоб гуфтани он амир эшонроГуфт: «На, на, ман ҳарифи он майам, Ман ба завқи ин хушӣ қонеъ наям. Ман чунон хоҳам, ки ҳамчун ёсамин Каж ҳамегардам чунон, гоҳе чунин. Вораҳида аз ҳама хавфу умед, Каж ҳамегардам ба ҳар сӯ ҳамчу бед. Ҳамчу шохи бед гардон чаппу рост, Ки зи бодаш гуна-гуна рақсҳост. Он ки хӯ кардаст бо шодии май, Ин хуширо кай писандад, хоҷа, кай! Анбиё з-он з-ин хушӣ берун шуданд, Ки сиришта дар хушии Ҳақ буданд. З-он ки ҷоншон он хуширо дида буд, Ин хушиҳо пешашон бозӣ намуд. Бо бути зинда касе чун гашт ёр, Мурдаро чун дар кашад андар канор?»
Саҳифаи 151/177 |