|
Дувум бор дасту пойи амирро бӯсидан ва лоба кардани шафеъон ва ҳамсоягони зоҳидОн шафеъон аз дами ҳайҳойи ӯ, Чанд бӯсиданд дасту пойи ӯ. К-эй амир, аз ту нашояд кинкашӣ, Гар бишуд бода, ту бебода х(в)ашӣ. Бода сармоя зи лутфи ту барад, Лутфи об аз лутфи ту ҳасрат х(в)арад. Подшоҳӣ кун, бибахшаш, эй раҳим, Эй карим, ибнулкарим, ибнулкарим. Ҳар шаробӣ бандаи ин қадду хад, Ҷумла мастонро бувад бар ту ҳасад. Ҳеч мӯҳтоҷи майи гулгун найӣ, Тарк кун гулгуна, ту гулгунайӣ. Эй рухи чун Зӯҳраат шамсу-з-зуҳо, Эй гадои ранги ту гулгунаҳо. Бода, к-андар хунб меҷӯшад ниҳон, З-иштиёқи рӯйи ту ҷӯшад чунон. Эй ҳаме дарё, чӣ хоҳӣ кард нам? В-эй ҳама ҳастӣ, чӣ меҷӯйӣ адам? Эй маҳи тобон, чӣ хоҳӣ кард гард? Эй ки маҳ дар пеши рӯят рӯйзард. Тоҷи «каррамно»-ст бар фарқи сарат, Тавқи «аътайнока» овези барат. Ту хушу хубиву кони ҳар х(в)ашӣ, Ту чаро худ миннати бода кашӣ? Ҷавҳар аст инсону чарх ӯро араз, Ҷумла фаръу пояанду ӯ ғараз. Эй ғуломат ақлу тадбироту ҳуш, Чун чунинӣ, хешро арзонфурӯш? Хидматат бар ҷумла ҳастӣ муфтараз, Ҷавҳаре чун наҷда хоҳад аз араз? Илм ҷӯйӣ аз кутубҳо, эй фусӯс! Завқ ҷӯйӣ ту зи ҳалво, эй фусӯс! Баҳри илме дар наме пинҳон шуда, Дар се газ тан оламе пинҳон шуда. Май чӣ бошад ё самоъу ё ҷимоъ? То биҷӯйӣ з-ӯ нишоту интифоъ. Офтоб аз заррае шуд вомхоҳ Зӯҳрае аз хумрае шуд ҷомхоҳ Ҷони бекайфе шуда маҳбуси кайф Офтобе ҳабси уқда, ин-т ҳайф!
Саҳифаи 150/177 |