Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Рафтани амир хашмолуд барои гӯшмоли зоҳид

Мир чун оташ шуду барҷаст рост,
Гуфт: «Бинмо, хонаи зоҳид куҷост?
То бад-ин гурзи гарон кӯбам сараш,
Он сари бедониши модарғараш.
ӯ чӣ донад амри маъруф аз сагӣ,
Толиби маъруфӣ асту шаҳрагӣ.
То бад-ин солус худро ҷо кунад,
То ба чизе хештан пайдо кунад.
К-ӯ надорад худ ҳунар, илло ҳамон,
Ки тасаллус мекунад бо ину он.
ӯ агар девона асту фитнаков,
Доруи девона бошад кери гов.
То ки шайтон аз сараш берун равад,
Бе лати харбандагон хар чун равад?»
Мир берун ҷаст, даббусе ба даст,
Нимшаб омад ба зоҳид ниммаст.
Хост куштан марди зоҳидро зи хашм,
Марди зоҳид гашт пинҳон зери пашм.
Марди зоҳид мешунид аз мир он
Зери пашми он расантобон ниҳон.
Гуфт: «Дар рӯ гуфтани зиштии мард
Ойина тонад, ки рӯро сахт кард.
Рӯй бояд ойинавор, оҳанин,
Тот гӯяд: Рӯйи зишти худ бибин».

Саҳифаи 146/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj