|
Маънии «мошоаллоҳу кона», яъне хост хости ӯст, ризои ӯ ҷӯед, аз хашми дигарон ва радди дигарон дилтанг мабошед. Ин «кона» агарчи лафзи мозист, лекин дар феъли Худо мозӣ ва мустақбал набошад, ки «лайса индаллоҳи сабоҳун ва ло масоун»Қавли банда «айша шоаллоҳу кон» Баҳри он набвад, ки тунбал кун дар он. Балки таҳриз аст бар ихлосу ҷидд, Ки дар он хидмат фузун шав мустаъидд. Гар бигӯянд: «Он чӣ мехоҳӣ ту род, Кор кори туст бар ҳасби мурод». Он гаҳ он тунбал кунӣ ҷоиз бувад, К-он чӣ хоҳӣ в-он чӣ гӯйӣ, он шавад. Чун бигӯянд: «Айша шоъаллоҳу кон, Ҳукм ҳукми ӯст мутлақ, ҷовидон». Пас чаро сад марда андар вирди ӯ Барнагардӣ бандагона гирди ӯ? Гар бигӯянд: «Он чӣ мехоҳад вазир, Хост они ӯст андар доругир». Гирди ӯ гардон шавӣ сад марда зуд, То бирезад бар сарат эҳсону ҷуд. Ё гурезӣ аз вазиру қасри ӯ? Ин набошад ҷустуҷӯйи насри ӯ. Божгуна з-ин сухан коҳил шудӣ, Мунъакис идроку хотир омадӣ. «Амр амри он фалон хоҷаст», ҳин! Чист? Яъне бо ҷуз ӯ камтар нишин. Гирди хоҷа гард, чун амр они ӯст, К-ӯ кушад душман, раҳонад ҷони дӯст. Ҳар чӣ ӯ хоҳад, ҳамон ёбӣ яқин, Ёва кам рав, хидмати ӯ баргузин. Не чу ҳоким ӯст, гирди ӯ магард, То шавӣ номасиёҳу рӯйзард. Ҳақ бувад таъвил, к-он гармат кунад, Пурумеду чусту бошармат кунад В-ар кунад сустат, ҳақиқат ин бидон: Ҳаст табдилу на таъвил аст он. Ин барои гарм кардан омадаст, То бигирад ноумедонро ду даст. Маънии Қуръон зи Қуръон пурсу бас В-аз касе, к-оташ задаст андар ҳавас. Пеши Қуръон гашт қурбониву паст, То ки айни рӯҳи ӯ Қуръон шудаст. Равғане, к-ӯ шуд фидои гул ба кул, Хоҳ равған бӯй кун, хоҳӣ ту гул.
Саҳифаи 133/177 |