|
Ҳикоят ҳам дар баёни тақрири иқтиёри халқ ва баёни он, ки тақдир ва қазо салбкунандаи ихтиёр нестГуфт дузде шаҳнаро, к-эй подшоҳ! Он чӣ кардам, буд он ҳукми Илоҳ. Гуфт шаҳна: «Он чӣ ман ҳам мекунам, Ҳукми Ҳаққ аст, эй ду чашми равшанам!» Аз дуконе гар касе турбе барад, К-ин зи ҳукми Эзид аст, эй бохирад! Бар сараш кӯбӣ ду-се мушт: «Эй кареҳ! Ҳукми Ҳаққ аст ин, ки ин ҷо боз неҳ!» Дар яке турра чу ин узр, эй фузул! Менаёяд пеши баққоле қабул. Чун бад-ин узр эътимоде мекунӣ? Бар ҳаволӣй аждаҳое метанӣ? Аз чунин узр, эй салими нонабил, Хуну молу зан ҳама кардӣ сабил. Ҳар касе пас сиблати ту барканад, Узр орад, хешро музтар кунад. Ҳукми Ҳақ гар узр мешояд туро, Пас биёмӯзу бидеҳ фатво маро. Ки маро сад орзуву шаҳват аст, Дасти ман баста зи биму ҳайбат аст. Пас карам кун, узрро таълим деҳ, Баргушо аз дасту пойи ман гиреҳ. Ихтиёрӣ кардаӣ ту пешае, К-ихтиёре дораму андешае. В-арна чун бигзидаӣ он пешаро? Аз миёни пешаҳо, эй кадхудо! Чунки ояд навбати нафсу ҳаво, Бистмарда ихтиёр ояд туро. Чун барад як ҳабба аз ту ёр суд, Ихтиёри ҷанг дар ҷонат гушуд. Чун биёяд навбати шукри ниъам, Ихтиёрат нест? В-аз сангӣ ту кам? Дӯзахатро узр ин бошад яқин, К-андар ин сӯзиш маро маъзур бин. Кас бад-ин ҳуҷҷат чу маъзурат надошт В-аз кафи ҷаллод ин дурат надошт. Пас бад-ин довар ҷаҳон манзум шуд, Ҳоли он олам ҳамат маълум шуд.
Саҳифаи 131/177 |