|
Ҳикояти муриде, ки шайх аз ҳирсу замири ӯ воқиф шуд, ӯро насиҳат кард ба забон ва дар зимни насиҳат қуввати таваккул бахшидаш ба амрШайх мешуд бо муриде бедиранг Сӯйи шаҳре, нон бад-он ҷо буд танг. Тарси ҷӯъу қаҳт дар фикри мурид Ҳар даме мегашт аз ғафлат падид. Шайх огаҳ буду воқиф аз замир, Гуфт ӯро: «Чанд бошӣ дар заҳир? Аз барои ғуссаи нон сӯхтӣ, Дидаи сабру таваккул дӯхтӣ. Ту найӣ з-он нозанинони азиз, Ки туро доранд беҷавзу мавиз. Ҷӯъ ризқи ҷони хосони Худост, Кай забуни ҳамчу ту гиҷи гадост? Бош фориғ, ту аз онҳо нестӣ, Ки дар ин матбах ту бенон бистӣ. Коса бар косасту нон бар нон мудом Аз барои ин шикамхорони ом. Чун бимирад, меравад нон пеш-пеш, К-эй зи бими бенавоӣ гашта хеш! Ту бирафтӣ, монд нон, бархез, гир, Эй бикушта хешро андар заҳир! Ҳин, таваккул кун, маларзон пову даст, Ризқи ту бар ту зи ту ошиқтар аст. Ошиқ асту мезанад ӯ мул-мул, Ки зи бесабрит донад, эй фузул! Гар туро сабре будӣ, ризқ омадӣ, Хештан чун ошиқон бар ту задӣ. Ин таби ларза зи хавфи ҷӯъ чист? Дар таваккул сер метонанд зист.
Саҳифаи 123/177 |