|
Дар баёни фазилати эҳтимо ва ҷӯъҶӯъ худ султони доруҳост, ҳин, Ҷӯъ дар ҷон неҳ, чунин хораш мабин. Ҷумла нохуш аз маҷоъат хуш шудаст, Ҷумла хушҳо бе маҷоъатҳо рад аст. Он яке мехӯрд нони фахфара, Гуфт соил: «Чун бад-ин астат шара?» Гуфт: «Ҷӯъ аз сабр чун дуто шавад, Нони ҷав дар пеши ман ҳалво шавад. Пас тавонам, ки ҳама ҳалво х(в)арам, Чун кунам сабре, сабурам лоҷарам». Худ набошад ҷӯъ ҳар касро забун, К-ин алафзорест з-андоза бурун. Ҷӯъ мар хосони Ҳақро додаанд, То шаванд аз ҷӯъ шери зӯрманд. Ҷӯъ ҳар ҷилфи гадоро кай диҳанд? Чун алаф кам нест, пеши ӯ ниҳанд. Ки бихур, ки ҳам бад-ин арзониӣ, Ту найӣ мурғоб, мурғи нониӣ.
Саҳифаи 122/177 |