|
Чолиши ақл бо нафс ҳамчун танозӯъи Маҷнун бо ноқа, майли Маҷнун сӯйи ҳурра, майли ноқа вопас сӯйи курра, чунон ки гуфт Маҷнун: «ҳаво ноқати халфи ва қуддомиа-л-ҳаво ва иннӣ ва ийёҳо ламухталифон»Ҳамчу Маҷнунанду он ноқа-ш яқин Мекашад он пешу ин вопас ба кин. Майли Маҷнун пеши он Лайлӣ равон, Майли ноқа, пас пайи курра давон. Як дам ар Маҷнун зи худ ғофил будӣ, Ноқа гардидиву вопас омадӣ. Ишқу савдо чунки пур будаш бадан, Менабудаш чора аз бехуд шудан. Он ки ӯ бошад муроқиб, ақл буд, Ақлро савдои Лайлӣ даррабуд. Лек ноқа пас муроқиб буду чуст, Чун бидидӣ ӯ миҳори хеш суст, Фаҳм кардӣ з-ӯ, ки ғофил гашту данг, Рӯ сипас кардӣ ба курра бедиранг. Чун ба худ бозомадӣ, дидӣ зи ҷо, К-ӯ сипас рафтаст бас фарсангҳо. Дар серӯза раҳ бад-ин аҳволҳо, Монд Маҷнун дар тараддуд солҳо. Гуфт: «Эй ноқа, чу ҳар ду ошиқем, Мо ду зид, пас ҳамраҳи нолоиқем. Нестат бар вифқи ман меҳри миҳор, Кард бояд аз ту сӯҳбат ихтиёр. Ин ду ҳамраҳ якдигарро роҳзан, Гумраҳ он ҷон, к-ӯ фурӯ н-ояд зи тан. Ҷон зи ҳаҷри арш андар фоқае, Тан зи ишқи хорбун чун ноқае. Ҷон гушояд сӯйи боло болҳо, Дарзада тан дар замин чанголҳо. То ту бо ман бошӣ, эй мурдай ватан, Пас зи Лайлӣ дур монад ҷони ман. Рӯзгорам рафт з-ин гун ҳолҳо, Ҳамчу тиҳу қавми Мӯсо солҳо. Хутватайне буд ин раҳ то висол, Мондаам дар раҳ зи шастат шаст сол. Роҳ наздику бимондам сахт дер, Сер гаштам з-ин саворӣ, сер, сер». Сарнигун худро аз уштур дарфиганд, Гуфт: «Сӯзедам зи ғам то чанд? Чанд?» Танг шуд бар вай биёбони фарох, Хештан афганд андар санглох. Ончунон афганд худро сахт зер, Ки мухалхал гашт ҷисми он далер. Чун чунон афганд худро сӯйи паст, Аз қазо он лаҳза пояш ҳам шикаст. Пойро барбасту гуфто: «Гӯ шавам, Дар хами чавгон-ш ғалтон меравам». З-ин кунад нафрин ҳакими хушдаҳан Бар саворе, к-ӯ фурӯ н-ояд зи тан. Ишқи мавло кай кам аз Лайло бувад, Гӯй гаштан баҳри ӯ авло бувад. Гӯй шав, мегард бар паҳлӯйи сидқ, Ғалт-ғалтон дар хами чавгони ишқ. К-ин сафар з-ин пас бувад ҷазби Худо В-он сафар бар ноқа бошад сайри мо. Инчунин сайрест мустасно зи ҷинс, К-он фузуд аз иҷтиҳоди ҷинну инс. Инчунин ҷазбест не ҳар ҷазби ом, Ки ниҳодаш фазл Аҳмад, вассалом.
Саҳифаи 59/140 |