|
Монистани бадройии ин вазири дун дар ифсоди муруввати шоҳ ба вазири Фиръавн, яъне Ҳомон дар ифсоди қобилияти ФиръавнЧанд он Фиръавн мешуд нарму ром, Чун шунидӣ ӯ зи Мӯсо он калом. Он каломе, ки бидодӣ санг шир Аз хушии он каломи беназир. Чун ба Ҳомон, ки вазираш буд ӯ, Машварат кардӣ, ки кинаш буд хӯ. Пас бигуфтӣ: «То кунун будӣ хидев, Банда гардӣ жандапӯшеро ба рев?» Ҳамчу санги манҷаниқе омадӣ, Он сухан, бар шиша хонай ӯ задӣ. Ҳар чӣ сад рӯз он калими хушхитоб Сохтӣ, дар як дам ӯ кардӣ хароб. Ақли ту дастуру мағлуби ҳавост, Дар вуҷудат раҳзани роҳи Худост. Носеҳе, раббоние пандат диҳад, Он суханро ӯ ба фан тарҳе ниҳад. К-ин на бар ҷой аст, ҳин! Аз ҷо машав, Нест чандон, бо худ о, шайдо машав. Войи он шаҳ, ки вазираш ин бувад, Ҷойи ҳарду дӯзахи пуркин бувад. Шод он шоҳе, ки ӯро дастгир Бошад андар кор чун Осаф вазир. Шоҳи одил чун қарини ӯ шавад, Номи он «нурун ало нурин» бувад. Чун Сулаймон шоҳу чун Осаф вазир, Нур бар нур асту анбар бар абир. Шоҳ Фиръавну чу Ҳомонаш вазир, Ҳар дуро набвад зи бадбахтӣ гузир. Пас бувад зулмот баъзе фавқи баъз, На хирад ёру на давлат рӯзи арз. Ман надидам ҷуз шақоват дар лаъом, Гар ту дидастӣ, расон аз ман салом. Ҳамчу ҷон бошад шаҳу соҳиб чу ақл, Ақли фосид рӯҳро орад ба нақл. Он фариштай ақл чун Ҳорут шуд, Сеҳромӯзи дусад тоғут шуд. Ақли ҷузвиро вазири худ магир, Ақли кулро соз, эй султон, вазир. Мар ҳаворо ту вазири худ масоз, Ки барояд ҷони покат аз намоз, К-ин ҳаво пурҳирсу ҳолибин бувад, Ақлро андеша явми дин бувад. Ақлро ду дида дар поёни кор, Баҳри он гул мекашад ӯ ранҷи хор. Ки нафарсояд, нарезад дар хазон, Бод ҳар хартуми ахшам дур аз он!
Саҳифаи 48/140 |