|
Баста шудани тақрири маънии ҳикоят ба сабаби майли мустамеъ ба истимоъи зоҳири сурати ҳикоят Кай гузорад он кӣ рашки равшанист, То бигӯям он чи фарзу гуфтанист. Баҳр каф пеш ораду садде кунад, Ҷар кунад в-аз баъди ҷар мадде кунад. Ин замон бишнав, чӣ монеъ шуд? Магар, Мустамеъро рафт дил ҷойи дигар. Хотираш шуд сӯйи сӯфии қунуқ, Андар он савдо фурӯ шуд то унуқ. Лозим омад боз рафтан з-ин мақол Сӯйи он афсона баҳри васфи ҳол. Сӯфӣ он сурат мапиндор, эй азиз! Ҳамчу тифлон то кай аз ҷавзу мавиз? Ҷисми мо ҷавзу мавиз аст, эй писар, Гар ту мардӣ, з-ин ду чиз андаргузар. В-ар ту андарнагзарӣ, икроми Ҳақ Бигзаронад мар туро аз нӯҳ табақ. Бишнав акнун сурати афсонаро, Лек ҳин, аз каҳ ҷудо кун донаро.
Саҳифаи 6/114 |