|
Гуфтани нобинои соил, ки ду кӯрӣ дорам Буд кӯре, к-ӯ ҳамегуфт: «Ал-амон, Ман ду кӯрӣ дорам, эй аҳли замон. Пас дубора раҳматам оред, ҳон, Чун ду кӯрӣ дораму ман дар миён». Гуфт: «Як кӯрит мебинем мо, Он дигар кӯрӣ чӣ бошад? Вонамо». Гуфт: «Зиштовозаму нохушнаво, Зиштовозиву кӯрӣ шуд дуто. Бонги зиштам мояи ғам мешавад, Меҳри халқ аз бонги ман кам мешавад. Зишт овозам ба ҳар ҷо, ки равад, Мояи хашму ғаму кин мешавад. Бар ду кӯрӣ раҳмро дуто кунед, Инчунин ногунҷро гунҷо кунед». Зиштии овоз кам шуд з-ин гила, Халқ шуд бар вай ба раҳмат якдила. Кард некӯ – чун бигуфт ӯ розро – Лутфи овози дилаш, овозро. В-он ки овози дилаш ҳам бад бувад, Он се кӯрӣ дурии сармад бувад. Лек ваҳҳобон, ки беиллат диҳанд, Бу, ки дасте бар сари зишташ ниҳанд. Чунки овозаш хушу мазлум шуд, З-ӯ дили сангиндилон чун мум шуд. Нолаи кофир чу зишт асту шаҳиқ, З-он намегардад иҷобатро рафиқ. «Ихсаъу» бар зишти овоз омадаст, К-ӯ зи хуни халқ чун саг буд маст. Чунки нолай хирс раҳматкаш бувад, Нолаат набвад чунин, нох(в)аш бувад. Дон, ки бо Юсуф ту гургӣ кардаӣ, Ё зи хуни бегуноҳе х(в)ардаӣ. Тавба кун в-аз хӯрда истифроғ кун, В-ар ҷароҳат кӯҳна шуд, рав, доғ кун.
Саҳифаи 40/114 |