|
Илтимос кардани ҳамроҳи Исо алайҳиссалом зинда кардани устухонҳо аз Исо алайҳиссалом Гашт бо Исо яке аблаҳ рафиқ, Устухонҳо дид дар ҳуфрай амиқ. Гуфт: «Эй ҳамроҳ, он номи санӣ, Ки бад-он мурда ту зинда мекунӣ, Мар маро омӯз, то эҳсон кунам, Устухонҳоро бад-он боҷон кунам». Гуфт: «Хомуш кун, ки он кори ту нест, Лоиқи анфосу гуфтори ту нест. К-он нафас хоҳад зи борон поктар, В-аз фаришта дар равиш дарроктар. Умрҳо бояст, то дам пок шуд, То амини махзани афлок шуд. Худ гирифтӣ ин асо дар дасти рост, Дастро дастони Мӯсо аз куҷост?» Гуфт: «Агар ман нестам асрорхон, Ҳам ту бархон номро бар устухон». Гуфт Исо: «Ё раб, ин асрор чист? Майли ин аблаҳ дар ин бегор чист? Чун ғами худ нест ин беморро? Чун ғами ҷон нест ин мурдорро? Мурдаи худро раҳо кардаст ӯ, Мурдаи бегонаро ҷӯяд руфӯ?» Гуфт Ҳақ: «Идбор агар идборҷӯст, Хори рӯида ҷазои кишти ӯст». Он кӣ тухми хор корад дар ҷаҳон, Ҳону ҳон, ӯро маҷӯ дар гулситон. Гар гуле гирад ба каф, хоре шавад В-ар суйи ёре равад, море шавад. Кимиёи заҳру мор аст он шақӣ, Бар хилофи кимиёи муттақӣ.
Саҳифаи 4/114 |