|
Итоб кардани Ҳақ таъоло Мӯсоро алайҳиссалом аз баҳри шубон Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо: «Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо. Ту барои васл кардан омадӣ, Ё барои фасл кардан омадӣ? То тавонӣ по манеҳ андар фироқ, «Абғазу-л-ашёи инди ат-талоқ». Ҳар касеро сирате бинҳодаам, Ҳар касеро истилоҳе додаам. Дар ҳақи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту зам, Дар ҳақи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту сам. Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама, Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама. Ман накардам амр, то суде кунам, Балки то бар бандагон ҷуде кунам. Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ, Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ. Ман нагардам пок аз тасбеҳашон, Пок ҳам эшон шаванду дурфишон. Мо забонро нангарему қолро, Мо равонро бингарему ҳолро. Нозири қалбем, агар хошеъ бувад, Гарчи гуфти лафзи нохозеъ равад». З-он ки дил ҷавҳар бувад, гуфтан араз, Пас туфайл омад араз, ҷавҳар ғараз. Чанд аз ин алфозу измору маҷоз? Сӯз хоҳам сӯз, бо он сӯз соз. Оташе аз ишқ дар ҷон барфурӯз, Сар ба сар фикру иборатро бисӯз. Мӯсиё, одобдонон дигаранд, Сӯхтаҷону равонон дигаранд. Ошиқонро ҳар нафас сӯзиданист, Бар деҳи вайрон хироҷу ушр нест. Гар хато гӯяд, варо хотӣ магӯ, Гар бувад пурхун шаҳид, ӯро машӯ. Хун шаҳидонро зи об авлотар аст, Ин хато аз сад савоб авлотар аст. Дар даруни Каъба расми қибла нест, Чӣ ғам, ар ғаввосро почила нест. Ту зи сармастон қаловузӣ маҷӯ, Ҷомачоконро чӣ фармоӣ руфӯ? Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро миллату мазҳаб Худост. Лаълро гар мӯҳр набвад, бок нест, Ишқ дар дарёи ғам ғамнок нест.
Саҳифаи 35/114 |