|
Дуздидани моргир мореро аз моргири дигарДуздаке аз моргире мор бурд, З-аблаҳӣ онро ғанимат мешумурд. Вораҳид он моргир аз захми мор, Мор кушт он дузди ӯро зори зор. Моргираш дид, пас бишнохташ, Гуфт: «Аз ҷон мори ман пардохташ». Дар дуъо мехостӣ ҷонам аз ӯ, К-аш биёбам, мор бистонам аз ӯ. Шукр Ҳақро, к-он дуъо мардуд шуд, Ман зиён пиндоштам, он суд шуд. Бас дуъоҳо, к-он зиён асту ҳалок В-аз карам менашнавад Яздони пок.
Саҳифаи 3/114 |