|
Руҷӯъ ба ҳикояти Зуннун раҳматуллоҳи алайҳи Чун расиданд он нуфар наздики ӯ, Бонг барзад: «Ҳай, киёнед? Иттақу». Бо адаб гуфтанд: «Мо аз дӯстон, Баҳри пурсиш омадем ин ҷо ба ҷон. Чунӣ, эй дарёи ақли зуфунун? Ин чи бӯҳтон аст бар ақлат ҷунун? Дуди гулхан кай расад дар офтоб? Чун шавад анқо шикаста аз ғуроб? Вомагир аз мо, баён кун ин сухун, Мо муҳиббонем, бо мо ин макун. Мар муҳиббонро нашояд дур кард, Ё ба рӯпӯшу дағал мағрур кард. Розро андар миён овар, шаҳо! Рӯ макун дар абри пинҳонӣ маҳо! Мо муҳиббу содиқу дилхастаем, Дар ду олам дил ба ту дарбастаем». Фаҳш оғозиду дашном аз газоф, Гуфт ӯ девонагона: «Зеву қоф. Барҷаҳиду санг паррон карду чӯб, Ҷумлагӣ бигрехтанд аз бими кӯб. Қаҳқаҳа хандиду ҷунбонид сар, Гуфт: «Боди риши ин ёрон нигар! Дӯстон бин, ку нишони дӯстон? Дӯстонро ранҷ бошад ҳамчу ҷон. Кай карон гирад зи ранҷи дӯст дӯст? Ранҷ мағзу дӯстӣ онро чу пӯст. Не нишони дӯстӣ шуд сарх(в)ашӣ, Дар балову офату меҳнаткашӣ? Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст, Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.
Саҳифаи 28/114 |