|
Фаҳм кардани муридон, ки Зуннун девона нашуд, қосид кардааст Дӯстон дар қиссаи Зуннун шуданд, Сӯйи зиндону дар он ройе заданд. К-ин магар қосид кунад! Ё ҳикматест! ӯ дар ин дин қиблаеву оятест. Дур дур аз ақли чун дарёи ӯ, То ҷунун бошад сафаҳфармои ӯ. Ҳошалиллаҳ аз камоли ҷоҳи ӯ, К-абри беморӣ бипӯшад моҳи ӯ. ӯ зи шарри ома андар хона шуд, ӯ зи нанги оқилон девона шуд. ӯ зи ори ақли кунди танпараст Қосидан рафтасту девона шудаст. Ки бибандедам қавӣ в-аз сози гов, Бар сару пуштам бизан в-инро маков. То зи захми лахт ёбам ман ҳаёт, Чун қатил аз гови Мӯсо, эй сиқот! То зи захми лахти гове х(в)аш шавам, Ҳамчу куштай гови Мӯсо, каш шавам. Зинда шуд кушта зи захми думми гов, Ҳамчу мис аз кимиё шуд зарри сов. Кушта барҷасту бигуфт асрорро, Вонамуд он зумраи хунхорро. Гуфт равшан, к-ин ҷамоат куштаанд, К-ин замон дар хасмиям ошуфтаанд. Чунки кушта гардад ин ҷисми гарон, Зинда гардад ҳастии асрордон. Ҷони ӯ бинад биҳишту норро, Боздонад ҷумлаи асрорро. Вонамояд хуниёни девро, Вонамояд доми худъа-в ревро. Гов куштан ҳаст аз шарти тариқ, То шавад аз захми думмаш ҷон муфиқ. Гови нафси хешро зудтар бикуш, То шавад рӯҳи хафӣ зинда-в баҳуш.
Саҳифаи 27/114 |