|
Ҳилол пиндоштани он шахс хаёлро дар аҳди Умар разийаллоҳу анҳу Моҳи рӯза гашт дар аҳди Умар, Бар сари кӯҳе давиданд он нуфар. То ҳилоли рӯзаро гиранд фол, Он яке гуфт: «Эй Умар, инак ҳилол». Чун Умар бар осмон маҳро надид, Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид. В-арна ман бинотарам афлокро, Чун намебинам ҳилоли покро?» Гуфт: «Тар кун дасту бар абрӯ бимол, Онгаҳон ту дарнигар сӯйи ҳилол». Чунки ӯ тар кард абрӯ, маҳ надид, Гуфт: «Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопадид». Гуфт: «Оре, мӯйи абрӯ шуд камон, Сӯйи ту афганд тире аз гумон». Чун яке мӯ каж шуд, ӯро роҳ зад, То ба даъво лофи диди моҳ зад. Мӯйи каж чун пардаи гардун бувад, Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад? Рост кун аҷзотро аз ростон, Сар макаш, эй рострав, з-он остон. Ҳам тарозуро тарозу рост кард, Ҳам тарозуро тарозу кост кард. Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд, Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд. Рав «ашиддоъу ала-л-куффор» бош, Хок бар дилдории ағёр бош. Бар сари ағёр чун шамшер бош, Ҳин, макун рӯбоҳбозӣ, шер бош. То зи ғайрат аз ту ёрон насгуланд, З-он ки он хорон адувви ин гуланд. Оташ андарзан ба гургон чун сипанд, З-он ки он гургон адувви Юсуфанд. «Ҷони бобо!» гӯядат Иблис, ҳин! То ба дам бифребадат деви лаъин. Инчунин талбис бо бобот кард, Одамиро ин сиярухмот кард. Бар сари шатранҷ чуст аст ин ғуроб, Ту мабин бозӣ ба чашми нимхоб. З-он ки фарзин бандҳо донад басе, Чун бигирад дар гулӯят чун хасе. Дар гулӯ монад хаси ӯ солҳо, Чист ин хас? Меҳри ҷоҳу молҳо. Мол хас бошад чу ҳаст, эй бесубот! Дар гулӯят монеъи оби ҳаёт. Гар барад молат адувве, пурфане, Раҳзанеро бурда бошад раҳзане.
Саҳифаи 2/114 |