|
Ҷилди V: САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР
Кунун кинаро кӯс бар пил баст,
Ҳаме ҷанги моро кунад пешдаст”.
Чунин гуфт бо Гев пас паҳлавон,
Ки “Пирон ба серӣ расид аз равон.
Ҳамин доштам чашм аз ин бад ниҳон,
Валекин ба фармони шоҳи ҷаҳон
Бибоист рафтан, ки чора набуд,
Дилашро кунун шаҳрёр озмуд.
Яке достон гуфта будам ба шоҳ,
Чу фармуд лашкаркашидан ба роҳ,
Ки “Дилро зи меҳри касе баргусил,
Куҷо несташ бо забон рост дил.
Ҳама меҳри Пирон ба туркон-бар аст,
Бишӯяд ҳаме шоҳ аз ӯ пок даст”. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 >>> |