|
Ҷилди V: ПАЁМ БУРДАНИ ГЕВ АЗ ГУДАРЗ
НАЗДИ ПИРОН
Магар , к-аз паи ҷанги Афросиёб
Замона ҳаме бар ту гирад шитоб.
Бузургони Эрону фарзанди ман
Бихонанд бар ту ҳаме панди ман.
Сухан ҳарчи донӣ, бад-эшон* бигӯй,
Ҳам эдун аз эшон сухан бозҷӯй.
Гарат чира гардад бар эшон забон,
Гузаштӣ зи тимору растӣ зи ҷон.
Бару буми хешонат обод гашт,
Зи теғи манат гардан озод гашт.
Гар эдун, ки сӯи ту гардад* гуноҳ,
Набошӣ ба ҷон эмин аз дасти шоҳ. *
Наҷӯям бар ин кина орому хоб,
Ману гурзу майдону Афросиёб,
1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |