|
Ҷилди V: РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ФАРИБУРЗ
Ман аз тухмаи Тури туроншаҳам,
Ба гавҳар магар бо ту худ ҳамраҳам.
Ту бошӣ сазовори кин хостан,
Ба кина туро бояд оростан.
Яке бо ман акнун ба овардгоҳ
Биё, то бигардем пеши сипоҳ.
Ба хуршеди тобон барояд-т ном,
Чу пеши ман эдар гузорӣ ту гом.
В-агар ту наёӣ ба ҷангам, равост,
Завора, Гуроза нигар то куҷост.
Касеро зи гурдон ба пеши ман ор,
Ки бошад зи эрониён номдор”.
Чунин дод посух Фарибурз боз,
Ки “Бо* шери дарранда кина масоз. 1 2 3 4 >>> |