|
Ҷилди V: РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ФАРИБУРЗ
В-аз он ҷо ба қалби сипаҳ баргузашт,
Дамон то бад-он сӯи лашкар гузашт.
Ба назди Фарибурз бо тарҷумон
Биёмад ба кирдори пили дамон.
Яке бархурӯшид, к-”Эй баднишон,
Фурӯ бурда гардан зи гарданкашон,
Саворону пилону зарринакафш
Туро буду бо ковиёнӣ дурафш.
Ба туркон супурдӣ ба рӯзи набард,
Ялонат ба Эрон нахонанд мард.
Ту солор будӣ, шудӣ зердаст,
Камар* бандагиро бибояд-т баст.
Сиёвахши радро бародар туӣ,
Ба гавҳар зи солор бартар тӯӣ.
1 2 3 4 >>> |