|
Ҷилди II: РАФТАНИ КОВУС БА МОЗАНДАРОН
Биёмад ба наздики он сарфароз,
Бигуфт, он чи бишнид аз он размсоз.
Чунин посухаш дод Деви Сапед,
Ки аз рӯзгорон машав ноумед.
Биёмад кунун бо сипоҳи гарон,
Бибуррам паи ӯ зи Мозандарон.
Бигуфт ину чун кӯҳ бар пой хост,
Сараш гашт бо чархи гарданда рост.
Шаб омад, яке абр шуд бар сипоҳ
Ҷаҳон гашт чун рӯи зангӣ сиёҳ.
Чу дарёи Қор аст гуфтӣ ҷаҳон,
Ҳама равшаноиш гашта ниҳон.
Яке хайма зад бар сар аз дуд қор,
Сияҳ шуд ҳаво, чашмҳо гашт тор.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |