|
Ҷилди II: ПАНД ДОДАНИ ЗОЛ КОВУСРО
Фузун аст мардиву фарру дирам.
Ҳамон аз Манучеҳру аз Кайқубод,
Ки Мозандаронро накарданд ёд,
Сипоҳу дилу ганҷам афзунтар аст,
Ҷаҳон зери шамшери тез-андар аст,
Чу бардоштӣ, шуд кушода ҷаҳон,
Аз оҳан чӣ дорем гетӣ ниҳон?
Шавам шон якояк ба дом оварам,
Гар оину шамшеру ном оварам.
Агар барниҳам сову божи гарон,
В-агар кас намонам ба Мозандарон,
Чунон хору зоранд бар чашми ман
Чи ҷоду, чи девони он анҷуман.
Ба гӯши ту ояд худ ин огаҳӣ,
К-аз эшон шавад рӯи гетӣ тиҳӣ. 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |