|
Ҷилди II: БОЗГАШТАНИ РУСТАМ ВА СӮҲРОБ
БА ЛАШКАРГОҲ
Бигӯяш, ки ту дил ба ман- дар мабанд,
Машав ҷовидон баҳри ҷонам нажанд.
Кас андар ҷаҳон ҷовидона намонд,
Зи гардун маро худ баҳона намонд.
Басе деву шеру палангу наҳанг
Табаҳ шуд зи чангам ба ҳангоми ҷанг.
Басе бораву диж, ки кардем паст,
Наёвард кас дасти ман зери даст.
Дари маргро он бикӯбад, ки пой
Ба асп андарорад, барояд зи ҷой.
Агар сол гардад фузун аз ҳазор,
Ҳамин аст роҳу ҳамин аст кор.
Нигаҳ кун ба Ҷамшед- шоҳи баланд,
Ҳамон низ Таҳмураси Девбанд,
Ба гетӣ чу эшон набуд шаҳрёр, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |