|
Ҷилди II: ОМАДАНИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ПАДАРИ ХУД
Зи бозӣ сипаҳро дарозӣ намуд.
Аз имрӯз корат ба фардо мамон,
Кӣ донад, ки фардо чӣ гардад замон?
Гулистон, ки имрӯз бошад бабор,
Ту фардо чинӣ гул, наояд ба кор.
Нигар, то чи моя ситоми базар,
Ҳамон тарки заррину заррин сипар.
Ҳамон тозиаспон ба заррин лагом,
Ҳамон теғи ҳиндӣ ба заррин ниём.
Аз ин бештар номдорони гурд,
Ки бод андаромад, ба хорӣ бибурд.
Чу Гулбоду чун Бормони далер,
Ки будӣ шикораш ҳама наррашер.
Хазарвон куҷо, Зол бишкаст хурд, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |