|
Ҷилди I: ГУФТОР ДАР БУНЁД НИҲОДАНИ КИТОБ
Надидам касе, к-аш сазовор буд,
Ба гуфтори ин мар маро ёр буд.
Зи некӯ сухан беҳ чӣ андар ҷаҳон?
Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон !
Агар беҳ набудӣ сухан аз Худой,
Набӣ кай будӣ назди мо раҳнамой?!
Ба шаҳрам яке меҳрубон дӯст буд,
Ту гуфтӣ, ки бо ман ба як пӯст буд.
Маро гуфт: «Хуб омад ин рои ту,
Ба некӣ гирояд ҳаме пои ту.
Набишта ман ин номаи паҳлавӣ,
Ба пеши ту орам, магар нағнавӣ.
Кушода забону ҷавонит ҳаст,
Сухан гуфтани паҳлавонит ҳаст.
1 2 >>> |