|
Ҷилди I: ОҒОЗИ КИТОБ
Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,
Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.
Ситудан надонад кас ӯро чу ҳаст,
Миён бандагиро бибояд-т баст.
Хирадрову ҷонро ҳамесанҷад ӯ,
Дар андешаи сахта кай гунҷад ӯ?
Бад-ин олату рою ҷону равон
Ситуд офаринандаро кай тавон?
Ба ҳастиш бояд, ки хисту шавӣ,
Зи гуфтори бекор яксӯ шавӣ.
Парастанда бошиву ҷӯяндароҳ,
Ба фармонҳо жарф кардан нигоҳ.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
1 2 >>> |