Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари сеюм

 
rumi

Достони машғул шудани ошиқе ба ишқнома хондан ва мутолиъа кардани ошиқнома дар ҳузури маъшуқи хеш ва маъшуқ онро нописанд доштан ва гуфтан, ки талабу-д-далели инда ҳузури-л-мадлул қабеҳун ва-л-иштиғолу би-л-ъилми баъда-л-вусули ила-л-маълуми мазмум

Дӣ суоле кард соил мар маро,
З-он ки ошиқ буд ӯ бар моҷаро.
Гуфт нуктай «ар-ризо би-л-куфри куфр»,
Ин паямбар гуфту гуфти ӯст мӯҳр.
Боз фармуд ӯ, ки андар ҳар қазо
Мар мусулмонро ризо бояд, ризо.
На қазои Ҳақ бувад куфру нифоқ?
Гар бад-ин розӣ шавам, бошад шиқоқ.
В-ар наям розӣ, бувад он ҳам зиён,
Пас чӣ чора бошадам андар миён?»
Гуфтамаш: «Ин куфр мақзӣ, на қазост,
Ҳаст осори қазо ин куфр, рост».
Пас қазоро хоҷа! Аз мақзӣ бидон,
То шиколат дафъ гардад дарзамон.
Розиям дар куфр, з-он рӯ ки қазост,
На аз ин рӯ ки низоъу хубси мост.
Куфр аз рӯйи қазо худ куфр нест,
Ҳаққро кофир махон, ин ҷо маист.
Куфр ҷаҳл асту қазои куфр илм,
Ҳар ду кай як бошад охир ҳилму хилм?
Зиштии хат, зиштии наққош нест,
Балки аз вай зиштро бинмуданист.
Қуввати наққош бошад, он ки ӯ
Ҳам тавонад зишт кардан, ҳам накӯ,
Гар кашонам баҳси инро ман ба соз,
То суолу то ҷавоб ояд дароз.
Завқи нуктай ишқ аз ман меравад,
Нақши хидмат нақши дигар мешавад.

Саҳифаи 54/229
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj