Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари сеюм

 
rumi

«Фасху азоим ва нақзуҳо», ҷиҳати бохабар кардан одамиро аз он ки молик ва қоҳир ӯст ва гоҳ-гоҳ азми ӯро фасх нокардан ва нофиз доштан, то тамаъ ӯро бар азм кардан дорад, то боз азмашро бишканад, то танбеҳ бар танбеҳ бувад

Азмҳову қасдҳо дар моҷаро
Гоҳ-гоҳе рост меояд туро.
То ба тамъи он дилат нийят кунад,
Бори дигар нийятатро бишканад.
В-ар ба куллӣ бемуродат доштӣ,
Дил шудӣ навмед, амал кай коштӣ?
В-ар накоридӣ амал аз урияш,
Кай шудӣ пайдо бар ӯ мақҳурияш?
Ошиқон аз бемуродиҳои хеш
Бохабар гаштанд аз мавлои хеш,
Бемуродӣ шуд қаловузи биҳишт,
«Ҳуффати-л-ҷанна» шунав, эй хушсиришт!
Ки муродотат ҳама ишкастапост,
Пас, касе бошад, ки коми ӯ равост.
Пас шуданд ишкастааш он содиқон,
Лек ку худ он шикасти ошиқон?
Оқилон ишкастааш аз изтирор,
Ошиқон ишкаста бо сад ихтиёр.
Оқилонаш бандагони бандиянд,
Ошиқонаш шаккариву қандиянд.
«Иътино карҳан» маҳори оқилон,
«Иътиё тавъан» баҳори бедилон.

Саҳифаи 216/229
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj